Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Аҳлибайт (а) — Абна — имрӯз шанбе дар натиҷаи ду ҳамлаи паҳподии Исроил ба ду рустои «Дабаъол ва Ас-Савайрӣ» дар минтақаи Сур дар ҷануби Лубнон, се нафар шаҳид шуданд.
Ожонси миллии иттилоърасонии Лубнон дар ду гузориши ҷудогона эълом кард, ки як паҳподи исроилӣ хонаеро дар рустои Дабаъол бо ду мушак ҳадаф қарор дод, ки ба кушта шудани ду нафар анҷомид. Нафари севум низ дар натиҷаи ҳамлаи як паҳподи дигар ба худраве дар масири Ат-Тавайрӣ–Сарӣфо ҷон бохт.
Дар ҳамин ҳол, ожонси мазкур гузориш дод, ки паҳподҳои шиносоии исроилӣ бо иртифоъи поин бар фарози шаҳрҳо ва рустоҳои Ал-Қосимия, Азрория ва Ансория дар минтақаи Сайдо дар ҷануби Лубнон парвоз карданд.
Ҳамчунин як паҳпод аз навъи "Ҳермес 900" бо иртифоъи мутавассит бар фарози манотиқи Араб-Салим, Ҳаббуш ва Ал-Водӣ-ал-Ахзар дар устони Набатия ба парвоз даромад.
Аз сӯи дигар, артиши Лубнон эълом кард, ки як паҳподи ҳомили маводи мунфаҷира мутааллиқ ба Исроил дар минтақаи Майса-ал-Ҷабал дар ноҳияи Марҷаъюн суқут кардааст.
Тасовире аз ин паҳпод мунташир шуд, ва нерӯҳои артиши Лубнон пеш аз инфиҷор, маҳмулаи инфиҷории онро хунсо карда ва сипас паҳподро барои баррасиҳои бештар ба воҳиди тахассусӣ мунтақил карданд.
Дар муқобил, артиши Исроил дар баёнияе эълом кард, ки як паҳподи низомӣ дар ҷануби Лубнон, «Али Абдулқодир Исмоил», яке аз фармондеҳони бахши Бинт Ҷубайли Ҳизбуллоҳро террор кардааст.
Артиши Исроил бо вуҷуди дастёбӣ ба тавофуқи оташбас дар ноябри гузашта, ҳамчунон ба анҷоми ҳамлаҳое идома медиҳад, ки муддаӣ аст мавозеи Ҳизбуллоҳ ва зерсохтҳои низомии онро ҳадаф мегирад.
Гуфтанӣ аст, ки дар таърихи 8 октябри 2023, Исроил ҳамлаҳоеро ба Лубнон оғоз кард, ки дар таърихи 23 сентябри 2024 ба як ҷанги тамомъиёр табдил шуд. Ин ҷанг то кунун беш аз 4 ҳазор шаҳид ва ҳудуди 17 ҳазор захмӣ барҷой гузоштааст. Дар таърихи 27 ноябри 2024, тавофуқи оташбас миёни Ҳизбуллоҳ ва Исроил ба иҷро даромад, аммо Исроил то кунун беш аз 3 ҳазор бор онро нақз карда, ки ин нақзҳо ба шаҳодати 260 нафар ва захмӣ шудани 563 тан анҷомидааст.
Артиши Исроил аз бахшҳое аз ҷануби Лубнон ақибнишинӣ карда, аммо ҳамчунон панҷ теппаи муҳими дар хоки Лубнонро, ки дар ҷанги ахир ишғол карда буд, дар ишғоли худ нигаҳ доштааст.
Your Comment